ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 3,5 миллион амалиёти пардохти андоз ва боҷҳо ба таври ғайринақдӣ анҷом дода шуд
ДУШАНБЕ, 09.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тавассути POS – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронии ташкилоти қарзии молиявӣ 3,5 миллион амалиёти пардохти андоз ва боҷҳо ба тариқи ғайринақдӣ ба маблағи зиёда аз 1,3 миллиард сомонӣ гузаронида шудааст. Дар ин хусус 8 август Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Нусратулло Давлатзода иброз дошт, ки дар айни замон дар фаъолияти 37 ҳазору 100 субъекти соҳибкорӣ дастгоҳҳои назоратӣ- хазинавии насли нав ба таври ройгон насб гардидаанд. 33 ҳазору 700 дастгоҳ дар як вақт вазифаи POS-терминалро низ иҷро мекунанд. Ва онҳо имкон доранд ҳисоббаробаркуниҳоро бо шаҳрвандону соҳибкорон оид ба хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба таври ғайринақдӣ анҷом диҳанд.
Мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии насли нав ва воситаҳои электронии пардохтӣ, пеш аз ҳама, ба афзоиши гардиши пулӣ тавассути кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ, зиёд намудани ҳиссаи муомилоти ғайринақдӣ, коҳишёбии сатҳи иқтисодиёти пинҳонӣ, таъмини самаранокии рушди маъмурикунонии андоз, дарёфти манбаъҳои иловагии андозбандӣ ва баланд бардоштани маданияти андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон мусоидат менамояд.
«Мақомоти андоз бо мақсади таъмини рақамикунонии соҳа ва дар ин замина содаю шаффоф гардонидани низоми андозбандӣ ва ҷараёни андозсупорӣ аз имконияти техникии дохилиидоравӣ бештар истифода мебарад.
Дар маҷмуъ, номгӯйи модулҳои барномаи компютерӣ ва хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз давра ба давра васеъ карда шуда, тавассути онҳо барои андозсупорандагон ва шаҳрвандон то инҷониб 45 хизматрасонии электронӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд гуфт, ки ташкили чунин хизматрасонӣ ба содаю мувофиқ намудани иҷрои уҳдадориҳои андозии онҳо мусоидат менамояд»,-гуфт раиси кумита.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






