ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Дар Тоҷикистон кортҳои пардохтии бонкӣ 9,1 миллион ададро ташкил медиҳанд

Август 2, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 02.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон миқдори умумии кортҳои пардохтии бонкӣ дар Тоҷикистон 9,1 миллион ададро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1,6 миллион адад ё 20,5 фоиз зиёд мебошад.

Тавре раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода 1 август зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, дар ҳамин давра шумораи умумии ҳамёнҳои электронӣ ба 15,7 миллион адад баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 5,3 миллион адад ё 50,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ба санаи ҳисоботӣ барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ 12 ҳазору 369 терминали электронӣ насб гардидааст, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2024 7,2 фоиз ё 833 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии терминалҳо 5 ҳазору 659 адад махсус барои қабули пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ истифода мешаванд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 6,9 фоиз ё 365 адад афзоиш ёфтааст.

Бояд тазаккур дод, ки 22 июни соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ба тасвиб расид.

Фармон саривақтӣ буда, пеш аз ҳама, барои таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам мегузорад. Он барои баланд бардоштани рейтинги байналмилалии мамлакат ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкоматҳо ва хазинаҳои ташкилоти қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагии аҳолӣ мегардад.

Инчунин ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо аҳамияти муҳими иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ин равандро осон ва мувофиқ мегардонад.

Ҳамзамон вазорату идораҳое, ки хизматрасониҳои давлатиро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, муваззаф гардидаанд, ки якҷо бо низоми бонкии мамлакат барои дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 2, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд