Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Август 4, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 04.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 шумораи умумии ғарқшудагон дар ҷумҳурӣ 91 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  5 нафар зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ шумораи бештари ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба қайд гирифта шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ  иттилоъ дод.

«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии ғарқшавии шаҳрвандон беэҳтиётӣ, риоя накардани қоидаҳои оббозӣ, беназоратии волидайн, омилҳои номаълум, садамаҳои нақлиётӣ, худкушӣ ва ҳолатҳои мастӣ мебошанд»,-иброз дошт Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими имсолаи оббозӣ наҷотдиҳандагони кумита 20 нафарро аз ғарқшавӣ ва марг наҷот доданд.

«Ҳарчанд дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мавзеъҳои оббозӣ муайян гардидаанд, аммо, мутаассифона, аксари кӯдакону наврасон ва калонсолон дар ҷойҳои манъшуда ба оббозӣ машғул мешаванд, ки дар натиҷа ҳодисаҳои нохуш ба вуқуъ меоянд. Дар ҷойҳое, ки барои оббозӣ тавсия дода шудаанд, ягон ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта нашудааст»,-баён дошт Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Барои коҳиши ҳодисаҳои ғарқшавӣ ва ҳолатҳои фавт бар асари ғарқшавӣ аз ҷониби гурӯҳҳои кории кумита пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тадбирҳои пешгирӣ гузаронида мешаванд. Новобаста аз ин, мутаассифона, ҳоло ҳам ҳолатҳои зиёди ғарқшавӣ ба назар мерасанд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 4, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд