Лоиҳаи «Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» баррасӣ гардид

Август 2, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 02.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо ҳамраиси Шурои ҳамоҳангсози шарикони рушд, Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвати Рамасвами, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ассотсиатсияҳои бахши хусусӣ ва коршиносони соҳавӣ роҷеъ ба муаррифӣ ва баррасии лоиҳаи «Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҷаласа Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки лоиҳаи «Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» барои иҷрои супориши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат таҳия гардида, таклифу пешниҳодҳои шарикони рушд, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ассотсиатсияҳои бахши хусусӣ ва коршиносони соҳавӣ барои такмили лоиҳаи ин барнома муҳим мебошанд.

Сипас ба иштироккунандагон лоиҳаи «Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» муаррифӣ карда шуд. Дар он ҳадафу афзалияти рушди мамлакат, аз ҷумла рақамикунонӣ, рушди саноат ва зеҳни сунъӣ, рушди иқтисодӣ дар асоси навоварӣ, илм ва ихтироот, рушди сармояи инсонӣ ва дигарҳо инъикос гардиданд.

Дар ҷаласа роҳбарони ташкилоти байналмилалӣ — аъзои Шурои ҳамоҳангсози шарикони рушд, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ассотсиатсияҳои бахши хусусӣ ва коршиносони соҳавӣ сухан гуфта, оид ба такмили лоиҳаи «Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» пешниҳодҳои созанда манзур намуданд.

Бояд гуфт, ки «Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» марҳилаи сеюми татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба ҳисоб меравад.

Лоиҳаи «Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» дар қадамҳои минбаъда дар мувофиқа бо вазорату идораҳои мамлакат ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 2, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд