Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳое, ки дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» амалӣ карда мешаванд, зимни ҳамоише, ки дар Агентии ислоҳоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо иштироки сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон доир гардид, баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад.
Санади мазкур аз 18 банд иборат буда, дурнамои рушди минтақавии соҳҳои калидӣ, аз ҷумла ҳампайвандии нақлиёт, энергетика, захираҳои обу иқлим ва рушди иҷтимоиро дар бар мегирад.
Дар ҳамоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода сухан намуда, мавқеи Тоҷикистонро доир ба масъалаҳои глобалие, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён мегузоранд, баён намуд.
Ҳамзамон пешниҳод кард, ки лоиҳаи мазкур тавассути роҳҳои дипломатӣ ба баррасии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шавад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






