Мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Душанбе табодули таҷриба намуданд

Август 2, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 02.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 июл ва 1 август дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Агентии муқовимат ба коррупсия ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд.

Машғулият дар доираи нақшаи чорабиниҳои амалисозии санадҳои ҳамкории байналмилалии байни ҳарду мақомот баимзорасида баргузор шуда, зимни он доир ба сохтор ва вазифаҳои Агентӣ, сиёсати зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби ошкор ва тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятии коррупсионӣ ва иқтисодӣ, инчунин тартиби гузаронидани санҷишу тафтишҳои молиявӣ дар мамлакат маърузаҳо пешниҳод шуданд.

Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ тақвият бахшидани ҳамкории судманд байни мақомоти зиддикоррупсионии ҳарду давлат ва мубодилаи дониш ва таҷрибаи пешқадам арзёбӣ мегардад.

Дар анҷоми машғулият доир ба мавзуъҳои баррасишаванда мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

АКС: Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 2, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд