Маблағи грантҳои президентӣ вобаста ба арзиши лоиҳаҳои пешниҳодшуда ҷудо мегардад

Август 2, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 02.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар низомномае, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирандагони грантҳои президентӣ омода гардидааст, шартҳои махсус гузошта шудааст, ки дар доираи ин шартҳо арзиши лоиҳаҳо муайян карда шуда, маблағ ҷудо мегардад. Дар ин хусус 1 август зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иттилоъ дод.

«Масалан, соҳибкорзаноне, ки мехоҳанд ба маблағи 110 ҳазор сомонӣ соҳиби гранти президентӣ гарданд, онҳо бояд на кам аз 5-6 ҷойи кор таъсис диҳанд. Инчунин дар низомнома якчанд тартиб ба роҳ монда шудааст, ки грантгирандагон аз фаъолияти соҳибкориашон бояд ҳисобот пешниҳод намоянд. Ҳисоботи пешниҳодшуда танҳо ба хотири самаранок истифода бурдани маблағҳои гранти президентӣ ва рушди соҳибкории онҳо мебошад»,-изҳор дошт Бунафша Файзиддинзода.

Зимни нишасти матбуотӣ аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки бархе занон ҳунар доранд, мехоҳанд ба грантҳои президентӣ дастрасӣ дошта бошанд, аммо қобилияти пешниҳоди лоиҳаро надоранд, яъне ҳангоми навиштани лоиҳа мақсади худро возеҳ баён карда наметавонанд.

Пас, инҷо саволе ба миён меояд, ки дар ин самт Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо чӣ гуна кумак мерасонад?

«Дар Кумитаи кор бо занон ва оила мутахассисоне ҷалб гардидаанд, ки ба чунин занҳо дар вақти пешниҳод кардани лоиҳаҳои онҳо кумак мерасонанд. Танҳо зарур аст, ки онҳо мақсад ва хоҳиши худро ба таври шифоҳӣ баён карда тавонанд. Мақсад- рушд додани соҳибкорӣ дар байни занон ва ташкил кардани ҷойи нави кор мебошад»,-посух дод Бунафша Файзиддинзода.

Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар кумита қабули лоиҳаҳо аз моҳи марти соли равон оғоз шуда, то 15 август идома меёбад. Дар айни замон беш аз 400 зани ҳунарманду соҳибкор лоиҳаҳои грантии худро пешниҳод намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 120 грант ба маблағи 5 миллион сомонӣ дар соли 2024 ба 200 грант ба андозаи 15 миллион сомонӣ дар соли 2025 расонида шуданд, яъне имсол ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда шуд.

Аз соли 2025 то соли 2030 ҳар сол барои ташкили 200 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 15 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад, ки он ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона мегардад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 2, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд