Маркази миллии тестӣ: сатҳи истифодаи хизматрасонии онлайнӣ аз ҷониби довталабон нигаронкунанда аст

Август 6, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 06.08.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади осон намудани раванди бақайдгирӣ ва сарфаи вақти довталабону кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар заминаи сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии онлайнии «Пешномнависӣ» фаъолият менамояд. Ҳарчанд аз амалӣ гардидани ин хизматрасонӣ панҷ сол гузашта бошад ҳам, таҳлилҳо нишон доданд, ки довталабон аз ин хизматрасониҳо кам истифода мебаранд ва қонеъкунанда нест. Чунин изҳори нигаронӣ карда шуд 5 август дар нишасти матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иброз гардид, ки низоми онлайнии «Пешномнависӣ» ба довталаб имкон медиҳад, ки маълумоти заруриро омода намуда, ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ барои расман номнавис кардани худ ҳозир шавад. Таҳлилҳои солҳои пеш нишон доданд, ки аз шумораи умумии шахсоне, ки аз ин хизматрасонӣ истифода мебаранд, ҳиссаи хеле камашон ба нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шуда, бо пешниҳоди рақами инфиродӣ расман аз қайд гузаштаанд.

Инчунин бо мақсади омодагии довталабон ба Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ низоми онлайнии «Худро бисанҷ» барои довталабон таҳия карда шудааст. Онҳо имкон доранд ба ин восита дараҷаи донишу малакаи худро санҷида, бо намунаи саволу масъалаҳо барои Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва тарзи иҷрои тестҳои имтиҳонӣ шинос шаванд.

Аммо, мутаассифона, омори истифода аз ин хизматрасонӣ низ нишон медиҳад, ки на ҳамаи довталабон аз он истифода мекунанд. Ҳол он ки ба ҳар довталаб донистани тарзи иҷрои тест хеле муҳим аст, зеро ин имкон медиҳад,  ки ӯ дар вақти имтиҳони воқеӣ ба хато роҳ надиҳад, бахусус варақаи ҷавобҳоро дуруст пур кунад.

Ёдовар мешавем, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба иқтисоди рақамӣ ба яке аз ҳадафҳои муҳими ҳукумат табдил ёфтааст. Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд.

Бояд гуфт, ки яке аз ҷанбаҳои муҳими ин раванд гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад. Он на танҳо зарурати техникӣ, балки қадами муассир дар самти беҳтар намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ, баланд бардоштани шаффофият, фаврият, бехатарии гардиши ҳуҷҷатҳо ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 6, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид