Маърузаи олими тоҷик доир ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар ҷаҳон соҳиби ҷоизаи махсус гардид
ДУШАНБЕ, 06.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Маърузаи доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомов дар мавзуи «Масъалаҳои ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар шароити замони ҷаҳонишавӣ» дар Қирғизистон беҳтарин ҳисобида шуда, бо ҷоизаи махсус ва 50 ҳазор сом қадрдонӣ карда шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, 1-2 август дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон доир ба масъалаи ҳифз ва рушди анъанаҳои фарҳанг ва санъат дар ҷаҳон фестивали ҷаҳонӣ ва конгресси илмӣ баргузор гардид. Дар конгресс намояндагони 30 давлати дунё дар бахши илмӣ ва ҳунарӣ иштирок намуданд. Олимон, коршиносони соҳаи фарҳанг ва санъати олам 120 маъруза пешниҳод намуданд.
Мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аслиддин Низомов дар ҷаласаи ифтитоҳӣ дар мавзуи «Масъалаҳои ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар шароити замони ҷаҳонишавӣ» маъруза намуд. Ҳамзамон хулоса ва пешниҳодҳои олими тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо қарори Шурои байналмилалӣ ин маъруза беҳтарин ҳисобида шуд.
Дар қатъномаи конгресс иброз гардид, ки минбаъд дар сатҳи мактабҳои олии минтақа «Таърихи фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ» ҳамчун фанни асосӣ ворид карда шавад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон










Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






