Нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи 112,2 фоиз таъмин гардид

Август 8, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 08.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2025 нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ дар мамлакат дар сатҳи 112,2 фоиз таъмин гардид.

Тавре Сардори Ҳадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар нишасти матбуотӣ ба доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма иброз дошт, нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, ки 5 миллиарду 98,6 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд, дар шаш моҳи соли равон ба буҷети давлатӣ 5 миллиарду 721,9 миллион сомонӣ ворид карда шуд. Ин нисбат ба нақша ба қадри 623,3 миллион сомонӣ ва нисбат ба пардохтҳои гумрукии ҷамъоваришуда дар ҳамин давраи соли 2024 1 миллиарду 109,0 миллион сомонӣ ё 124,0 фоиз зиёд мебошад.

Иҷрои нақша аз рӯи намуди пардохтҳои гумрукӣ, аз ҷумла воридоти андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 107,5 фоиз ё 290,8 миллион сомонӣ зиёд, боҷи гумрукӣ 133,3 фоиз ё 210,4 миллион сомонӣ зиёд, боҷи содиротӣ 75,4 фоиз ё 19,4 миллион сомонӣ кам, андози аксизӣ 106,4 фоиз ё 27,3 миллион сомонӣ зиёд ва воридоти ғайриандозӣ ба қадри 307,9 фоиз ё 173,4 миллион сомонӣ зиёд таъмин карда шуд.

Хуршед Каримзода гуфт, ки новобаста аз идома ёфтани буҳрони молиявӣ-иқтисодӣ дар робита ба ногувор шудани вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ки ҳангоми интиқоли борҳо байни шарикони тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ боиси ба миён омадани душвориҳои зиёд гардид, Хадамоти гумрук тавонист нақшаи пардохтҳои гумрукиро иҷро ва барзиёд таъмин намояд.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки сабаби асосии барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар маҷмуъ амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рақамикунонии соҳа ва дар ин раванд такмил додани низоми маъмурикунонии гумрукӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, қабулу татбиқи амалии «Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он дар ин самт нақши муассир дорад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 8, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид