Намояндагони Тоҷикистон дар машварати минтақавӣ дар Қирғизистон иштирок намуданд

Август 12, 2025 09:49

ДУШАНБЕ, 12.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 8 август намояндагони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати минтақавӣ дар Қирғизистон иштирок намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар медиҳад, машварат дар доираи Лоиҳаи DARYA- и Иттиҳоди Аврупо доир гардида, дар он ҳамзамон намояндагон аз Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок намуданд.

Дар машварат масъалаҳои беҳтар намудани фаъолияти марказҳои рушди малакаҳои касбӣ, истифодаи кордҳои Scaffold барои самаранок гузаронидани машғулияти таълимӣ, инчунин роҳҳои баланд бардоштани касбияти омӯзгорони зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Ҳамчунин масъалаҳои роҳу усулҳои самараноки ташкили раванди омодасозии кадрҳои коргарии дар бозори меҳнат рақобатпазир, ҷалб ва пайвастани ҷонибҳои манфиатдор ва корфармоëн ба раванди таълим ва омодасозии кадрҳои техникию коргарӣ, пайвастани раванди илм ба истеҳсолот ва дигар масоили марбут ба таҳсилоти касбӣ ва рушди малакаҳои касбӣ ҳал карда шуданд.

Иштирочиëн дар машварат тавассути корҳои гурӯҳию инфиродӣ, намоиши рӯнамоҳо ва саволу ҷавобҳо фаъолона иштирок намуда, бо сертификат қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 12, 2025 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд