НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ 111,5 фоиз иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 08.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2025 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои даромад ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар сатҳи 111,5 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 27,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид. Дар ин хусус имрӯз Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Иҷрои нақшаи даромади дохилӣ аз ҷониби Кумитаи андоз 113,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 12,7 миллиард сомонӣ ворид карда шуд. Ҳаҷми воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 1,5 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
«Инчунин дар ин давра аз ҳисоби фаъолияти Хадамоти гумрук воридоти маблағҳо дар сатҳи 112,2 фоизи нақша таъмин гардида, ба буҷет 5,7 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид»,-гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода.
Дар нишаст иброз гардид, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ 9 созишномаи қарзию грантӣ ба маблағи 153,7 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқ гардидани 7 лоиҳаи сармоягузорӣ ба имзо расонида шуд. Аз ин маблағ 97,9 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ, 54,3 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои қарзӣ ва 1,5 миллион доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






