НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии омор дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар Тоҷикистон таҳқиқоти қувваҳои корӣ гузаронид

Август 6, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 06.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таҳқиқоти қувваҳои кориро дар 4080 хонаводаи тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бо роҳи пур кардани Саволномаи стандартии Созмони байналмилалии меҳнат бо мутобиқ намудан ба шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида истодааст. Дар ин хусус Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода 6 август дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода иброз намуд, ки ҳадаф аз баргузор намудани ин таҳқиқот амалӣ намудани стандартҳои нави байналмилалӣ оид ба фаъолияти меҳнатӣ дар ҷумҳурӣ, муайян намудани шумораи қувваҳои корӣ, сатҳи умумии бекорӣ, муайян кардани ҳиссаи шуғли ғайрирасмӣ ва дигар мушкилиҳое мебошад, ки дар бозори меҳнат ҷой доранд.

Маълумоти зимни таҳқиқот ҷамъоваришуда имкон медиҳад, ки ба вазъи воқеии бозори меҳнат дар ҷумҳурӣ баҳо дода шавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 6, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид