НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 беш аз 58 ҳазор шаҳрвандон ба нафақа баромадаанд
ДУШАНБЕ, 08.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ба 58 ҳазору 718 нафар шаҳрванд нафақа таъйин гардида, нафақаи 37 ҳазору 217 нафар бо сабабҳои гуногун қатъ карда шуд. Афзоиши шумораи нафақирон дар ин нимсола 21 ҳазору 501 нафарро ташкил дод. Дар ин хусус директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод зимни нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигори АМИТ«Ховар» посух дод.
«Сабабҳои қатъ гардидани нафақаи беш аз 37 ҳазор нафақагирон гуногун аст. Масалан, ба итмом расидани муҳлати нафақаи шаҳрванд, кӯч бастан, вафот кардан ва ғайра. Ҳарчанд солҳои пеш омиле вуҷуд дошт, ки шаҳрванд вафот мекард, аммо ворисонаш чанд муддат маблағи нафақаи ӯро мегирифтанд, ки ин ғайриқонунӣ аст. Дар айни замон бо гузаштан ба ҳукумати электронӣ тамоми маълумоти фавти шаҳрвандон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо дастрас мегардад. Дар ин ҳолат нафақаи шаҳрванди вафоткарда муваққатан қатъ гардида, баъд аз гирифтани хати вафоти шаҳрванд нафақааш пурра қатъ карда мешавад»,-изҳор дошт Абдураҳмон Ҳалимзод.
Дар мавриди ҳаҷми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа иттилоъ дода шуд, ки он ба андозаи 2 миллиарду 721,7 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Иҷрои он 103,4% таъмин гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 93,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Абдураҳмон Ҳалимзод иброз дошт, ки маблағҳои иловагие, ки дар заминаи барзиёд иҷро гардидани нақша ворид гардидаанд, ҳамасола ба зиёдшавии нафақа равона карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон баъди зиёд кардани нафақаҳо танҳо барои як моҳ қариб 47 миллион сомонӣ маблағи иловагӣ равона карда мешавад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






