НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 бо иштироки Сарвари давлат 16 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 06.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дар ин давра чор корхона дар соҳаи мошинсозӣ, ду корхона дар соҳаи масолеҳи сохтмон, як корхона дар соҳаи саноати сабук ва пилла, 8 корхона дар соҳаи саноати хӯрокворӣ ва як корхона дар соҳаи маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо ба истифода дода шудааст.
Шералӣ Кабир иброз намуд, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ 129 корхона муваққатан аз фаъолият монд ва ё фаъолиятро қатъ намуд. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 45 адад кам мебошад.
Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ сабабҳои асосии муваққатан аз фаъолият мондан ё қатъи фаъолияти корхонаҳоро мушкилоти молиявӣ, аз ҷумла қарздории андозию бонкӣ, иҷоравӣ, аз ҷумҳурӣ рафтани соҳибмулкони корхонаҳо, поёнравии сатҳи рақобатнокии маҳсулоти истеҳсолӣ нисбат ба маҳсулоти воридотӣ, болоравии нархи ашёи хом, набудани талабот ва ба фурӯш нарафтани маҳсулоти истеҳсолӣ арзёбӣ намуд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид






