НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 332 донишҷӯ хатм намуд

Август 2, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 02.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол донишкадаро 332 нафар донишҷӯ хатм намуда, 9 нафар сазовори дипломи аъло  гардид. Дар ин хусус 1 август ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Сироҷиддин Ҷурахонзода иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки шумораи донишҷӯёни хориҷии донишкада соли 2025 ба 10 нафар расида, онҳо асосан шаҳрвандони Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон мебошанд. Аксарияти онҳо дар хобгоҳи донишкада зиндагӣ мекунанд ва раёсати донишкада барои онҳо беҳтарин шароити таҳсилро муҳайё намудааст.

Дар шаш моҳи соли равон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 4 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Созишномаҳо бо Донишгоҳи миллии техникии Беларус, Ҷамъияти саҳомии «Гамма Торговый Дом», Донишгоҳи Кокшета ба номи Абай Мирзахметов (Қазоқистон) ва Академияи миллии санъати Қазоқистон ба номи Темирбек Жургенов ба имзо расиданд.

Сироҷиддин Ҷурахонзода иброз дошт, ки «давоми соли ҳисоботӣ донишҷӯёни мо вобаста ба ихтисос дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба таҷрибаомӯзӣ машғул буданд. Яке аз бахшҳои муҳими раванди таълим таҷрибаомӯзии таълимӣ, педагогӣ, истеҳсолӣ, пеш аз рисолаи хатм барои донишҷӯён, магистрон ва омӯзгорон мебошад.  Хусусияти эҷодии таҷрибаомӯзӣ ва дар минтақаҳо ташкил намудани он аҳамияти тарғиботӣ низ дошта, таваҷҷуҳи ҷавонону наврасони минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро барои интихоби касби санъати тасвирӣ ва дизайн баланд менамояд».

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ«Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 2, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд