НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маҷмуи маҳсулоти минтақавии вилояти Хатлон ба 17,1 миллиард сомонӣ расид
ДУШАНБЕ, 08.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон маҷмуи маҳсулоти минтақавии вилояти Хатлон ба 17,1 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди он 7,9 фоизро ташкил дод. Саҳми вилоят дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат 24,1 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии вилояти Хатлон муовини якуми раиси вилоят Музаффар Мирзозода иттилоъ дод.
Тибқи иттилоъ, дар ин давра 40 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида, ҳаҷми маблағгузорӣ ба 859 миллион доллари амрикоӣ расидааст. Ҳамзамон ба вилоят 2,6 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд.
Дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки ҳаҷми гардиши савдо ба 8 миллиард сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 1,4 миллиард сомонӣ баробар шудааст, ки мутаносибан 8 ва 6 фоизи афзоишро нисбат ба соли 2024 нишон медиҳад.
Ба иттилои муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят ба беш аз 14 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиш 110,4 фоизро ташкил додааст. Ҳиссаи вилояти Хатлон дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии мамлакат 59 фоизро ташкил медиҳад.
Дар бахши саноат ҳаҷми истеҳсол ба 5,6 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 634 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра 42 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо 287 ҷойи нави кор ба фаъолият оғоз намудаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд






