НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 113,7 фоиз иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 08.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ба андозаи 113,7 фоиз таъмин гардид. Ба ҷойи 11 миллиарду 187,4 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ 12 миллиарду 715,7 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 1 миллиарду 528,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Тавре имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода иттилоъ дод, дар давраи ҳисоботӣ нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 105,1 фоиз, вилоятҳои Хатлон – 101,2 фоиз, Суғд – 107,6 фоиз, шаҳри Душанбе – 116,2 фоиз, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмуъ – 107,7 фоиз ва Раёсати андози андозсупорандагони калон – 112,9 фоиз таъмин карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон 14 ҳазору 800 ҳолати ҳуқуқвайронкунии андозӣ ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи умумии 331 миллион сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардиданд. Аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби ҷаримаҳои солҳои қаблӣ татбиқшуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 291 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 89,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳуқуқвайронкуниҳои андозӣ асосан ба масъалаҳои бе қайди мақомоти андоз машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, риоя накардани муҳлати пешниҳоди эъломияҳои андозӣ, риоя накардани тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ, кам нишон додани маблағи андоз ва дигар қонунвайронкуниҳо вобаста мебошанд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






