НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Суръати рушди иқтисоди миллӣ дар Тоҷикистон 8,1 фоизро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 06.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардида, ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 70,8 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,1 фоизро ташкил дод. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иттилоъ дод.
Вазир иброз дошт, ки ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат дар моҳҳои январ-июни солҳои 2021-2025 нисбат ба ҳамин давраи солҳои 2016-2020 2,9 баробар афзоиш ёфтааст.
Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки дар моҳҳои январ-июни панҷ соли охир новобаста аз таъсири ду буҳрони шадиди глобалӣ ва омилҳои берунӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 8,1 фоизро ташкил дод. Ин нисбат ба ҳамин давраҳои 5 соли қаблӣ 1,9 банди фоизӣ баланд мебошад.
Гуфта шуд, ки суръати рушди иқтисоди миллӣ дар шашмоҳаи якуми соли равон асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 24 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 14,6 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 12,8 фоиз, кишоварзӣ 9,7 фоиз, боркашонӣ 9,3 фоиз, гардиши савдо 9 фоиз ва мусофиркашонӣ 5,8 фоиз таъмин гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади амалисозии бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва татбиқи лоиҳаҳои соҳаҳои афзалиятнок аз ташкилоти байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд дар ҳаҷми умумии 213 миллион доллар, бахусус бо корбарии Вазорати рушди иқтисод ва савдо 73 миллион доллар маблағҳои грантию қарзҳои имтиёзнок ҷалб гардиданд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






