Низоми ҷамъоварӣ ва истифодаи маълумоти омории соҳаи тандурустии Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 август дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҳлили муфассали низоми ҷамъоварӣ ва истифодаи маълумоти омории соҳаи тандурустӣ ҷаласа доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода иброз дошт, ки таҳлили дар ин самт анҷомдода нишон дод, ки ҷамъоварии маълумот дар муассисаҳои тиббӣ мунтазам амалӣ мегардад. Вале дар раванди кор баъзе мушкилот, аз ҷумла такроршавии маълумот, номукаммал будани ҳамоҳангсозии ҳисобот ва фарқият дар сифат вуҷуд доранд.
Маълумоти боэътимод заминаи асосии қабули қарорҳои дуруст мебошад. Аз ин рӯ, барои беҳтар намудани вазъ зарурати таҳияи стандартҳои ягонаи сифат, гузаронидани омӯзишҳои мунтазам барои кормандони омор ва тақвияти низоми аудити маълумот махсус таъкид карда шуд.
Дар ҷаласа аз ҷониби мутахассисони ватанӣ ва шарикон оид ба рушд доир ба масъалаи баррасишуда маърузаҳо пешниҳод шуда, табодули афкор доир гардид.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






