Оид ба роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии картошка дар минтақаҳои доманакӯҳ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар мавзуи «Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии картошка дар минтақаҳои доманакӯҳ вобаста ба шароити тағйирёбии иқлим» ҳамоиши илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз дошт, ки мақсади ҳамоиши илмӣ амалигардонии рушди устувори соҳаи картошкапарварӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли картошка, табодули таҷриба ва таъмини яке аз ҳадафҳои асосии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд 12 июли соли 2025 ҳангоми шиносоӣ бо таҷрибаи картошкапарварони ноҳияи Деваштич бо назардошти омилҳои пешгӯинашаванда, тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он ва захираи маводи ғизоии дусола барои истифодаи оқилонаю самараноки ҳар қитъа замин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш дар мавзуъҳои «Масъалаҳои актуалӣ ва самтҳои афзалиятноки тухмипарварӣ ва нигоҳдории картошка дар Тоҷикистон», «Технологияи парвариши картошка дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманкӯҳӣ», «Меъёр ва усулҳои обёрии картошка вобаста ба минтақа», «Касалию зараррасонҳои картошка ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо», «Самаранокии иқтисодии картошка» ва «Саҳми кишоварзони ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Лахш дар истеҳсоли картошка» маъруза намуданд.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






