ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар муассисаҳои таълимии Роштқалъа таъмири синфхонаҳо идома дорад

Август 21, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 21.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Роштқалъа корҳои омодагӣ ба соли нави таҳсил идома доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа иттилоъ доданд.

Дар ноҳияи Роштқалъа 41 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, дар онҳо  зиёда аз 4200 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Бо мақсади омодагӣ ба соли нави хониши 2025-2026  дар муассисаҳои таълимӣ корҳои ободонӣ, таъмири синфхонаҳо, таъминот бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ идома доранд.

Бахшида  ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Роштқалъа  биноҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуда, барои хонандагон шароити беҳтари таълимӣ муҳайё  мегардад.

Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон сатҳу сифати шароити таълим дар деҳоти дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тадриҷан беҳтар шуда, ба тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии онҳо таваҷҷуҳи хосса равона мегардад.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа

Август 21, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд