ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар шаҳри Турсунзода 15 бинои иловагии мактаб ва 5 муассисаи томактабии хусусӣ ба истифода дода мешавад
ТУРСУНЗОДА, 20.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози соли нави таҳсил дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода 15 бинои иловагии муассисаҳои таълимӣ бо 164 синфхонаи иловагӣ ва 3936 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Ҳамчунин то якуми сентябри соли равон дар маркази шаҳри Турсунзода панҷ кӯдакистони хусусӣ мавриди истифода қарор мегирад. Инҳо кӯдакистони «Лола» бо фарогии 70 нафар, кӯдакистони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷи Шифо» бо 300 кӯдак, кӯдакистони «Малика» бо 120 кӯдак, кӯдакистон аз соҳибкор Ҷамшед Раҳматуллоев бо 300 кӯдак ва кӯдакистону Маркази инкишофи кӯдак аз соҳибкор Акбарҷон Тураев бо фарогирии 100 нафар мебошанд.
Тибқи иттилои масъулини шаҳри Турсунзода, ин биноҳо бо беҳтарин шакл сохта шуда, бо тамоми намуди таҷҳизот, мизу курсӣ ва аёният муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Бояд гуфт, ки барои бартараф кардани мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ ва таъмини кӯдакон бо муассисаҳои томактабӣ дар шаҳри Турсунзода сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди 28 муассисаи таълимӣ бо таъмини 9360 ҷойи нишаст дар як баст ва сохтмони 7 муассисаи томактабӣ бо теъдоди 1012 ҷой идома дорад. То охири соли 2025 қисми зиёди ин иншоот мавриди истифода қарор мегиранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад






