«ОСМОНИ БОЗ». Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 10 таваққуфгоҳ ва хати нави зимомӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 13.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи эълони сиёсати «Осмони боз» аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи ҳавонавардии мамлакат дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сохтмони 10 таваққуфгоҳи иловагӣ барои ҳавопаймоҳои калонҳаҷм ва хати нави зимомӣ оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ медиҳад.
Ҳамзамон 250 ҳазор метри мураббаъ хатҳои зимомӣ ва перонии фурудгоҳ пурра таъмир ва мумфарш карда мешаванд. Барои таъмини бехатарии парвозҳо зимни фуруд ва парвоз хати нави зимомӣ бо дарозии 1,5 км ва паҳноии 60 метр сохта мешавад. Корҳои сохтмонӣ давоми қариб 3 моҳ ба анҷом расонида мешаванд.
Бояд гуфт, ки моҳи июни соли 2025 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «Осмони боз»-ро амалӣ намуд. Тибқи он аз ин баъд низоми паритет ё баробарӣ дар парвозҳо, ки қаблан шумораи парвозҳои ширкатҳои хориҷиро бо ширкатҳои дохилӣ баробар ва маҳдуд мекард, бекор карда мешавад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






