Рақамикунонии соҳаи замин дар Тоҷикистон бо ҳайати Бонки рушди Осиё баррасӣ шуд

Август 27, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 27.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рақамикунонӣ, тайёр намудани мутахассисон ва татбиқи лоиҳаҳои пилотӣ дар самти замин 26 август зимни мулоқоти муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Пирзода ва  ҳайати Бонки рушди Осиё таҳти роҳбарии Паоло Манунта мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.

Диловар Пирзода ба Бонки рушди Осиё барои ҳамкории судманду дастгирии доимӣ, ки дар соҳаи идоракунии замин, геодезия ва раванди рақамикунонӣ мерасонад, изҳори сипос намуд.

Иброз гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки рушди Осиё ба таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар ин соҳа мусоидат намуда, барои иҷрои барномаҳои давлатӣ ва ҳадафҳои стратегӣ дар самти рақамикунонӣ заминаи устувор фароҳам меорад. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ инчунин мақоми масъули рушди инфрасохтори миллии маълумоти маконӣ мебошад. Рушди инфрасохтори маълумоти маконӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати умумии давлат дар самти рақамикунонӣ, рушди устувор ва ҳамгироии минтақавӣ мебошад.

Ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.

 АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 27, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд