Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот намуданд

Август 27, 2025 10:40

ДУШАНБЕ, 27.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муколамаи мунтазам ва боэътимоду самимии Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар тақвияти муносибатҳои ду кишвар, ки дорои фарҳанг, арзишҳои маънавӣ ва анъанаҳои деринаи ҳамҷаворӣ мебошанд, муҳим дониста шуд.

Иброз гардид, ки робитаҳои байнипарламентӣ чун ҷузъи муҳими муносибатҳои ду давлати дӯст бо шарофати талошҳои муштараки ҷонибҳо пайваста рушд менамоянд.

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ аз самтҳои муҳими  муносибатҳои байни ду кишвар арзёбӣ гардид.


Ҳамчунин аҳамияти фаъолгардонии сармоягузорӣ дар татбиқи  лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт, пеш аз ҳама, тиҷорат, сохтмон, нақлиёт, телекоммуникатсия, саноат, энергетика, кишоварзӣ, рақамикунонӣ ва инноватсия таъкид карда шуд.

Дар доираи музокирот ҷонибҳо ба масоили рушди ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, бахусус тавсеаи равобит дар бахшҳои маорифу фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Бо назардошти вазъи феълӣ дар арсаи байналмилалӣ ва минтақа зарурати густариши ҳамкорӣ дар самтҳои мудофиа ва амният мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 27, 2025 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд