Роҳҳои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол ва коркарди нахи пахта дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Август 27, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 27.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Ашурбой Солеҳзода дар мавзуи «Муайян кардани роҳҳои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол ва коркарди нахи пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, дар ҷаласа Ашурбой Солеҳзода иброз намуд, ки соҳаи пахтакорӣ ва коркарди он то маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили мамлакат яке аз самтҳои асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аммо солҳои охир коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли пахта дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва коркарди он дар корхонаҳои ватанӣ ба назар мерасад.

Аз ҷумла, дар се соли охир ҳаҷми истеҳсоли пахта тадриҷан кам шуда, аз 404,7 ҳазор тоннаи соли 2022 то 253,2 ҳазор тонна дар соли 2024 коҳиш ёфтааст. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли нахи пахта низ аз 127,1 ҳазор тонна то 106,9 ҳазор тонна кам шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки содироти нахи пахта дар ташаккули иқтидори содиротии мамлакат хусусияти мавсимӣ дошта, соли 2024 ҳаҷми содироти он 100,5 ҳазор тоннаро бо арзиши 170,1 миллион  доллар ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023   8,8 ҳазор тонна ё 28,5 миллион доллар кам мебошад.

Нархи миёнаи фурӯши нахи пахта 1692 доллар барои як тоннаро ташкил намуда, нисбат ба нархи миёнаи содиротии соли 2023  125 доллар паст гардидааст.

Ҷуғрофияи содироти нахи пахта соли 2024 аз рӯи ҳаҷм асосан ба Эрон (67,9 фоиз), Туркия (15 фоиз), Чин (8,4 фоиз), Русия (4,4 фоиз), Покистон (3 фоиз), Гурҷистон (1 фоиз), Бангладеш (0,2 фоиз) ва Латвия (0,1 фоиз) рост омадааст.

Иброз гардид, ки дар соҳа якчанд мушкилӣ ҷой дорад, аз ҷумла таъмин нагардидани нақшаи истеҳсоли пахтаи хом, баланд будани тарифҳои амалкунандаи неруи барқ ва татбиқ нагардидани тарифҳои мавсимӣ барои корхонаҳои соҳа, дастрас набудани корхонаҳои соҳа ба қарзҳои имтиёзнок ва нарасидани мутахассисони баландихтисоси корхонаҳои нассоҷӣ.

Бояд гуфт, ки бо мақсади дастгирии корхонаҳои коркард ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ Ҳукумати мамлакат  тадбирҳои ҳавасмандгардониро дар низоми тарифию ғайритарифӣ ба роҳ мондааст. Вале ин имтиёзҳо аз тарафи истеҳсолкунандагон начандон самаранок истифода шуда, барои ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва буҷа таъсирбахш нестанд.

Дар ҷаласа бо назардошти гузоришу баррасии масъалаҳои гуфташуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 27, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд