Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон бо сохтмони роҳи оҳани Самарқанд – Панҷакент шинос гардид

Август 4, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 04.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон  Абдуҷаббор Раҳмонзода дар вилояти Самарқанд бо раванди сохтмони роҳи оҳани Самарқанд — Ургут, ки як шохааш ба шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон  мепайвандад, шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад.

Ҳоло сохтмони роҳи оҳан 200 метр дуртар аз сарҳади Ҷонбой — Саразм гузашта, ба ҷониби Ургут меравад. Роҳсозони узбек аз 55 километри роҳ 38 километри онро сохта, ба анҷом расониданд ва то охири моҳ роҳ то Ургут пурра ба истифода дода мешавад.

Сохтмончиён дастур гирифтаанд, ки дар асоси Протоколи байниҳукуматӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон се километр роҳро аз Ҷонбой то масофае, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз сарҳад дар дохили Панҷакент муқаррар мекунад, бунёд намоянд.

Ин масъала ҳамзамон дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев баррасӣ гардид. Мусоҳибон зимни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро байни вилоятҳои марзии Суғд ва Самарқанд баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон дар мулоқот масъалаи марбут ба сафари ҳунарии санъаткорони вилояти Самарқанд ба шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев  пешниҳодҳои Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзодаро бо хушнудӣ пазируфт.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Август 4, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид