Сармоягузорони Чин бо субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос гардиданд

Август 27, 2025 14:10

ДУШАНБЕ, 27.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25 август намояндагони ширкати «LTD Shandong jianlong Plastic Co»-и вилояти Шандони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо имконоти сармоягузорӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»  шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маъмурияти ин минтақа иттилоъ доданд.

Ба меҳмонони Чин  аз ҷониби маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»  оид ба фаъолият, имтиёз ва бартариҳои ин минтақа маълумоти мушаххас дода шуд.

Соҳибкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба фаъолияти ширкати худ, ки ба истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ  машғул аст, маълумот доданд. Ҳамзамон барои ҳамкории минбаъда вобаста ба шароити муносиби сармоягузорӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» изҳори омодагӣ намуданд.

Меҳмонон бо фаъолияти ду Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»- «Азияполитекс» ва «Ривер Суғд Фарм» шинос гардиданд.

АКС: Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»

Август 27, 2025 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»