Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 21.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки 192-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи таваҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари давлат ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт бунёд гардидааст.
Ифтитоҳи иншооти нави соҳаи маориф дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва оғози соли нави таҳсил барои омӯзгорону хонандагон ва сокинони ин маҳалла туҳфаи арзишманд унвон гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои муассисаи таълимӣ аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1450 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Иншоот бо назардошти талаботи соҳа, унсурҳои меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба зарфиятҳои муосир бо сифати баланд сохта шуда, синфхона ва дигар кабинетҳои фаннӣ бо таҷҳизот ва аёнияти дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Бинои дигари бунёдгардида дар муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна иборат буда, барои синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ гардидааст.
Сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 соли 2024 оғоз гардида, дар асоси лоиҳа мутобиқ ба талаботи муосир дар масоҳати 16 ҳазору 400 метри мураббаъ бунёд шудааст.
Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи наву замонавӣ Пешвои миллат ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳибилм шудани насли наврасро амали шоиста унвон намуданд.
Бинои муассиса дорои 64 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш, аз ҷумла 26 кабинети фаннӣ, мебошад.
Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, технологияи меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, инчунин синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ ва лингафонӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон заминаи мусоид хоҳад гузошт.
Вобаста ба талаботи муосир муассиса дорои зиёда аз 70 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет мебошад.
Озмоишгоҳҳои фаннӣ ва китобхона бо теъдоди 10 ҳазор нусха адабиёт, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо асбоби мусиқӣ барои рушди ҷаҳонбинии муҳассилин пешбинӣ гардидааст.
Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзишӣ дорои 40 ҷои нишаст буда, ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонию рӯҳии хонандагон мусоидат хоҳад кард. Майдончаи варзишӣ низ бо 135 ҷои нишаст аз бартариҳои дигари муассиса дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш унвон мешавад.
Муассисаи таълимӣ, ҳамчунин дорои толори маҷлис бо 386 курсӣ ва ошхонаи дорои 192 ҷои нишаст мебошад.
Дар иншооти наву замонавӣ барои инкишофи зеҳни кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар низ шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба истифодаи самарабахш аз имкониятҳои фароҳамшуда, омӯзиши илмҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва расидан ба қадри дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёди биноҳои нав, ворид намудани технологияи муосир барои омӯзиш ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ба таъмини имрӯзу фардои босаодати насли наврас равона карда шудааст. Аз ин лиҳоз таълимгирандагонро зарур аст, ки хонанд, илм омӯзанд, соҳибкасбу забондон ва вориси шоистаи гузаштагони хеш бошанд.









Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд






