Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе биноҳои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собитро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 21.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе биноҳои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собитро мавриди истифода қарор доданд.
Биноҳои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо маблағгузорӣ аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии соҳибкорони саховатпешаи кишвар мутобиқ бо анъанаҳои меъморию фарҳангии тайи ҳазорсолаҳо шаклгирифтаи миллати тамаддунофари тоҷик бо тарҳи басо зебову дилкаш бунёд ёфта, яке аз марказҳои муҳими илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимии кишвар ба ҳисоб меравад. Бинои тозабунёд дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қомат афрохта, барои 2500 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.
Иншоот дар майдони зиёда аз ду гектар қомат афрохта, аз 7 бинои 6 ва 8 ошёна иборат аст. Масоҳати биноҳо 46 ҳазору 816 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, бо риояи талаботи муосири соҳавӣ ва ороиши зебои тоҷикӣ анҷом ёфтааст.
Дар ин иншоот маҷлисгоҳ бо 513 ҷойи нишаст, 90 синфхона, утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ ҷойгир аст.
Ҳуҷраҳои корию дарсӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нави соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, дорои шароити зарурӣ барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки рушди маориф ва илм дар сиёсати давлатӣ ҳамеша авлавият дошта, Ҳукумати кишвар тамоми имконотро барои таҳкими пояҳои маърифат, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва рушди неруи зеҳнии ҷавонон сафарбар месозад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо осорхонаи мукаммал ва дорои аҳамияти илмӣ-фарҳангии Донишкадаи исломии Тоҷикистон шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар осорхона таърихи ғании ислом дар сарзамини тоҷикон, нақши илмии устодону олимони бузурги миллати тоҷик ва саҳми онҳо дар рушди тамаддуни исломӣ ба таври шоиста муаррифӣ мегардад.
Дар осорхона нусхаҳои нодири дастнависҳо, китобҳои таърихӣ ва осори хаттии олимони машҳури тоҷик ба намоиш гузошта шудаанд. Фонди осорхона, инчунин, дорои ашёву ёдгориҳои таърихиест, ки аз осори меъморӣ ва фарҳанги мусулмонии тоҷикон шаҳодат медиҳанд.
Дар ин миён нусхаҳои нодири Қуръони карим, сангнавиштаҳо, лавҳаҳои хаттотӣ ва ашёи дигари таърихӣ ҷой дода шудаанд.
Бахши дигари осорхона ба нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва мусулмонӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бахшида шуда, тавассути аксҳо, ҳуҷҷатҳо ва маводи расмӣ фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлатро дар эҳё ва тарғиби мероси фарҳанги ниёгони пуршарафамон инъикос мекунад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки ташкили чунин осорхона дар заминаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои муҳассилон ва муҳаққиқон имконияти фарох фароҳам меорад, то ба таърихи ислом дар сарзамини мо, шахсиятҳои барҷаста ва осори илмӣ-фарҳангӣ ошно гарданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаҳои болоии донишкада китобхонаи электронӣ, толори тестӣ, толори варзишӣ бо 168 ҷойи нишаст ва ду ҳуҷраи тиббӣ ҷой дода шудаанд. Нуқтаи тиббӣ имкон дорад, ки дар як вақт ба 300 кас хизмати тиббӣ расонад.
Дар донишкада, ҳамзамон хобгоҳ барои 520 донишҷӯ омода шудааст.
Саҳн ва атрофи бинои Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар масоҳати 6 ҳазору 560 метри мураббаъ мумфарш гардида, ҳамчунин, ободу сабзкорӣ шудааст.
Шароиту имкониятҳои фароҳамшуда дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон минбаъд ҳамчун пойгоҳи муҳимми илмию таълимӣ ва таҷрибивию амалӣ, барои фанҳои гуногун истифода бурда шуда, ба афзун намудани донишҳои динию дунявии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба масъулин барои омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷалби онҳо ба илмомӯзӣ, таҳқиқоти илмӣ ва пос доштани арзишҳои волои миллӣ дастуру тавсияҳо доданд.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Зафаробод Маркази стоматологӣ кушода шуд
Осорхонаи миллӣ дар Тоҷикобод намоиши сайёри осорхонавӣ ташкил намуд
Дар Панҷакент корхонаи мурғпарварӣ ва ҳавзҳои моҳидорӣ ба фаъолият оғоз намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон шуданд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияҳои Вахш, Восеъ ва Ашт доир мегардад
Роҳи мошингарди Ёвон — Ваҳдат — Норак навсозӣ карда мешавад
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон
Соҳибкори ватандӯст дар ноҳияи Варзоб тақрибан ду километр роҳи деҳаашро мумфарш кард
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайхро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз Мафалда Дуартеро ба ҳузур пазируфтанд






