Шунавандагони мактаби САҲА оид ба дипломатия бо бинои нави Парлумони Тоҷикистон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 21.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷавондухтарон — шунавандагони мактаби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ бо бинои нави Парлумони Тоҷикистон шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Тибқи дархости роҳбарияти Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, дар Тоҷикистон соли равон дар назди муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими нақши занон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат ва иштироки фаъолонаи вакилзанон дар ҳамоишу чорабиниҳои мухталиф доир ба масъалаҳои гендерӣ, солимии занону духтарон, таҳияву такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа аз ҳисоби вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон гурӯҳи кории доимамалкунанда оид ба фаъолияти «Иттиҳоди занони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» созмон дода шуд.
Таъсиси ин иттиҳод имкон фароҳам меорад, ки ҳамкорӣ бо вакилзанони парламентҳои дигар кишварҳо барои мубодилаи таҷриба дар самти фаъолияти қонунгузорӣ ва ҷалби занон ба ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ беҳтар гардад.
Зимни шиносоӣ вакилзанони Парлумон бо ҷавондухтарон — шунавандагони мактаби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон суҳбат намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд






