Си Ҷинпин даъват намуд, ки андешаҳои мардум дар таҳияи Нақшаи панҷсолаи 15-ум ба назар гирифта шаванд
ДУШАНБЕ, 06.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин даъват намуд, ки дар раванди таҳияи Нақшаи панҷсолаи 15-уми рушди миллӣ (солҳои 2026–2030) андешаҳо ва пешниҳодҳои истифодабарандагони интернет ҷиддан омӯхта ва ба назар гирифта шаванд.
Ӯ таъкид намуд, ки мардум дар ҷараёни чорабинии онлайнии ҷамъоварии андешаҳо доир ба таҳияи нақша пешниҳодҳои арзишманд ва муҳим ирсол намуд. Си Ҷинпин аз мақомоти дахлдор даъват ба амал овард, ки ин пешниҳодҳоро бодиққат таҳлил намуда, дар таҳияи санад истифода баранд. Ӯ зимнан тазаккур дод, ки чорабинии мазкур бо иштироки фаъол ва фарогирии густурда баргузор гардид ва ин таҷассумгари равиши демократияи халқӣ дар тамоми раванд буд.
Роҳбари Чин ҳамчунин аз кумитаҳои ҳизбӣ ва ҳукуматҳои тамоми сатҳҳо даъват намуд, ки ба ҳаёти мардум амиқ ворид шаванд, ба овози мардум гӯш андозанд ва ақлу хиради онҳоро ҷамъ оваранд, то пайваста талош кунанд, ки ормони мардумро барои зиндагии беҳтар амалӣ намоянд.
Аз 20 май то 20 июни соли 2025 дар саросари Чин маъракаи онлайнӣ барои ҷамъоварии андешаи мардум доир ба таҳияи Нақшаи панҷсолаи 15-ум баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинӣ беш аз 3,11 миллион фикру пешниҳодҳои корбарони шабакаҳои интернет ҷамъоварӣ шуд, ки самтҳои мухталиф, аз ҷумла амиқтар кардани ислоҳот, ҳифзи муҳити зист, маориф, шуғл ва соҳибкорӣ, таъминоти иҷтимоӣ, тақсими даромад ва ғайраро фаро мегиранд.
АКС аз манбаъҳои боз








Хати ҳаёт дар миёни аланга: гузашта ва имрӯзи рагҳои нақлиётии Чини замони ҷанг
Аз Чини зебо то Осиёи Марказии «сабз»
Дар шаҳри Сиан 13-умин Форуми ҷаҳонии видеомедиа ва маросими таъсиси механизми «Шарикони медиаи Ҷануби Глобалӣ» оғоз ёфт
Мусоҳибаи хабарнигори CGTN доир ба изҳороти Пленуми 4-уми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин
Дар Пекин Ҳамоиши ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои занон баргузор гардид
ҲАМОҲАНГӢ БО ТАБИАТ-РОҲИ ШУКУФОӢ! Ва ё чӣ гуна деҳаи Юйчун ба намунаи шукуфоии сайёҳии «сабз» табдил ёфт
Афоризмҳои дӯстдоштаи Си Ҷинпин
Вобаста ба мавзуи «Иқтисодиёти Чин ва ҷаҳон: ҳамкорӣ ва имконият» ҷаласа доир шуд
Дар Пекин иҷлосияи 3-юми Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин, даъвати 14 -ум оғоз ёфт






