Соли равон 61 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматнок ба маблағи 12,4 миллиард сомонӣ доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 02.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон Бонки миллии Тоҷикистон барои танзими ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии сатҳи пардохтпазирии ташкилоти қарзӣ ва коҳиш додани фишорҳои таваррумии монетарӣ 61 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматнок ба маблағи 12,4 миллиард сомонӣ баргузор намуд. Дар ин хусус Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода 1 август зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти низоми бонкии мамлакат дар нимсолаи аввали соли 2025 дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ иттилоъ дод.
Дар баробари ин, дар ин давра аз ташкилоти қарзӣ тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ маблағҳои озод ҷалб карда шуданд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 1,3 миллиард сомониро ташкил менамоянд.
Фирдавс Толибзода афзуд, ки меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ бинобар идома ёфтани раванди муътадили сатҳи нархҳои дохилию ҷаҳонии молу маҳсулот, дурнамои мусбати нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, арзёбии коҳиш ёфтани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёт, инчунин аз доираи ҳадафи муқарраргардида паст қарор доштани сатҳи таваррум дар ин давра тадриҷан 0,75 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 8,25 фоизи солона муқаррар гардид.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






