«Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар Шурои ҳамоҳангсози рушд муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози рушд (DCC) Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest 2025» ва «Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» муаррифӣ карда шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Султон Раҳимзода ҳадафи асосии форумро ба шарикони рушд муаррифӣ намуда, иброз дошт, ки Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest 2025» минбари фарогир барои ҷалби сармоя, таҳкими ҳамкорӣ ва муаррифии имконоти иқтисодии Тоҷикистон мебошад.
Дар идомаи ҷаласа ҳамзамон «Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» муаррифӣ гардид.
Гуфта шуд, ки ин ҳуҷҷат самтҳои калидии сиёсати сармоягузории мамлакатро муайян намуда, ба ташаккули иқтисодиёти устувор ва инноватсионии рақобатпазир равона шудааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ байни иштирокдорон мубодилаи афкор доир шуд. Ҷонибҳо оид ба ҷараёни омодагӣ ба форум ва татбиқи самараноки стратегия ибрози андеша намуда, зарурати тақвияти ҳамкорӣ ва саҳмгузории муассирро барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас таъкид карданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






