Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд

Август 6, 2025 10:12

ДУШАНБЕ, 06.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби ташкилоти молиявию қарзии вилояти Хатлон дар шашмоҳаи якуми  соли равон ба иқтисодиёти вилоят 2 миллиарду 900 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо карда шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  638,7 миллион сомонӣ ё 128 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Қарзҳо ба самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ равона шуда, саҳми назарраси онҳо дар таъмин намудани фаъолияти соҳаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ мушоҳида мегардад.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳо ба соҳаи кишоварзӣ 684,1 миллион сомонӣ, саноат- 111,2 миллион сомонӣ, сохтмон- 77,3 миллион сомонӣ, нақлиёт- 10,9 миллион сомонӣ, хӯроки ҷамъиятӣ- 4 миллион сомонӣ, хизматрасонӣ- 208,4 миллион сомонӣ, савдои хориҷӣ- 292,9 миллион сомонӣ ва ба қарзҳои истеъмолӣ 1 миллиарду 493,7 миллион сомонӣ рост меояд.

Бо назардошти афзалият додан ба маблағгузории бахшҳои воқеии иқтисодиёт, махсусан кишоварзӣ ва соҳаҳои истеҳсолот интизор меравад, ки ин раванд ба таъсиси ҷойи нави кор, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ва рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии вилоят мусоидат намояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 6, 2025 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст