Тоҷикистон ва минтақаи Фландрияи Подшоҳии Белгия ҳамкориро дар самти саноати сабук густариш медиҳанд

Август 13, 2025 09:33

ДУШАНБЕ, 13.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12 август дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати минтақаи Фландрияи Подшоҳии Белгия мулоқот баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили таҳким ва густариши ҳамкориро дар соҳаҳои авлавиятноки саноат, аз ҷумла саноати сабук, нассоҷӣ, мошинсозӣ, саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ намуданд.

Дар анҷом ҷонибҳо барои идомаи муколамаи созанда изҳори омодагӣ намуда, ҳайати расмӣ ва ширкатҳои бонуфузи Подшоҳии Белгия барои иштирок дар чорабиниҳои дарпешистода ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардиданд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 13, 2025 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард