Тоҷикони муқими шаҳри Толяти аз пешрафту дастовардҳои Тоҷикистон ифтихор менамоянд
ДУШАНБЕ, 27.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ҷамъияти тоҷикон ба таври густурда фаъолият намуда, ҳамчун неруи созандаю пешбаранда барои муттаҳид сохтани ҳамватанони бурунмарзӣ ва тақвияти робитаҳои фарҳангию маънавӣ хизмат менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Бояд гуфт, ки тоҷикони муқими шаҳри Толятии Федератсияи Русия бо арҷгузорӣ ва эҳтиром ба анъанаву арзишҳои миллӣ дар раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ, ки дар ҷумҳурӣ ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст, фаъолона иштирок намуда, бо сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ ба зиндагии рӯзмарраи худ дар кишвари иқомат таҳким мебахшанд. Хусусан тоҷикони муқими шаҳри Толяти ҷашнҳои миллию давлатӣ, аз ҷумла Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз имрӯз ва фардои рушду пешрафти Тоҷикистон бо баргузории ҳамоишу чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ истиқбол мегиранд.
Бо назардошти раванди ҷаҳонишавӣ тоҷикони шаҳри Толяти барои ҳифзи арзишҳои миллии тоҷикон –забону фарҳанги миллӣ ва дигар суннатҳои аҷдодӣ сайъю талош намуда, кӯшиш доранд ҳувияти миллии худро нигоҳ доранд. Бо баргузории вохӯриҳо ва барномаҳои гуногуни фарҳангӣ масъулони ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Толяти ба масоили муҳити фикрӣ, маънавӣ ва фарҳангии ҳамдиёрони бурунмарзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Масъулони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Толяти мегӯянд, ки «дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо барои ҳар фарди ҷомеа ифтихори миллӣ ва ҳисси худшиносию худогоҳӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Азбар намудани донишҳои муосир, омӯзиш ва ҳифзи таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ яке аз омилҳои асосии ташаккули ҳувияти миллӣ ва ифтихор аз Ватани аҷдодӣ мебошад».
Тоҷикони муқими шаҳри Толяти бо ифтихори баланд аз дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар шуда, бар ин назар ҳастанд, ки Тоҷикистон барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ сарзамини муқаддас аст. Ватани мо дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш мавқеи шоиста касб намуда, дар соҳаҳои гуногун ба пешрафту комёбиҳо ноил мегардад.
Руҳияи ватандӯстӣ на танҳо ба таҳкими робитаҳои байни тоҷикон, балки ба муаррифии шоистаи миллат ва фарҳанги тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, хусусан дар қаламрави Русия мусоидат менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






