Туҳфаи арзишманди Пешвои миллат — китоби «Шоҳнома» ба ноҳияи Файзобод расид
ДУШАНБЕ, 27.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Корвони китоби «Шоҳнома» ба ноҳияи Файзобод расид. Ин шоҳсари безаволи Абулқосим Фирдавсиро комиссияи босалоҳият қабул ва рақамгузорӣ карда, ба ҳар оилаи ноҳияи Файзобод ҳамчун туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тақдими китоб барои мардуми тоҷик анъанаи неки гузаштагон буда, имрӯз равнақи бештар ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки 5 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанги аҷдодон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми ҷумҳурӣ дастрас карда шавад.
Бояд гуфт, ки қаблан ҳам бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ба ҳар оилаи мамлакат китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров туҳфа гардид.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон










Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид






