Вазири адлияи Тоҷикистон: «Бекоршавии ақди никоҳ тамоюли камшавӣ дорад»

Август 8, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 08.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми  соли равон дар ҷумҳурӣ сабти ақди никоҳ 30 356 ҳолат (30 434 ҳолат дар ҳамин давраи соли 2024) ба қайд гирифта шуда, шумораи бекоршавӣ  4117 ҳолатро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 291 ҳолат камтар мебошад. Дар ин хусус 7 август зимни нишасти матбуотӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иттилоъ дод.

Тавре Вазири адлия иброз намуд, ҳарчанд бекоршавии ақди никоҳ дар мамлакат тамоюли камшавӣ дорад, вале ҳоло ҳам ин омор қонеъкунанда нест, зеро он аз рӯи шумора хеле зиёд мебошад. «Мо корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт пеш мебарем. Дар ин замина таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои аз ҳам пошидани оилаҳои ҷавон, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон барои ташкили оилаанд. Яъне ин муносибати рӯякии онҳо нисбат ба оиладорӣ мебошад. Омилҳо дар зиндагӣ гуногун ҳастанд, яъне баъд аз он ки издивоҷ мекунанд, пас сабабҳо пайдо мешаванд, ки шавҳар ин гуна будаасту ҳамсар ба зиндагӣ омода нест, нофаҳмиҳо дар байни ҷавонон рух медиҳанд. Фарзанддор нашудани ҳамсарон, дахолати волидайн ба зиндагию масъалаҳои оиладории ҷавонон, инчунин набудани шароити дурусти зиндагӣ барои оиладорӣ аз сабабҳои дигари ҷудошавии оилаҳо мебошанд», — гуфт Музаффар Ашуриён.

Тавре Вазири адлияи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ҷавононе, ки оила ташкил карданӣ ҳастанд, бояд нисбат ба оиладорию фарзанддорӣ мафкураи солим дошта бошанд. Дар оила нақши асосиро ҳурмату эҳтироми тарафайн ва боварии ҳамсарон ба якдигар мебозад. Ин андешаро мо бояд дар шуури ҷавонон ҷой намоем.

«Дар ин самт на танҳо мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, балки дигар сохторҳои Вазорати адлия низ зимни вохӯриҳо, пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва ҳуқуқӣ пайваста бо аҳолӣ суҳбатҳо мегузаронанд. Ҳамзамон дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва донишҳои ҳуқуқии сокинони мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешанд»,-афзуд Вазири адлияи Тоҷикистон.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 8, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид