Волейбол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷиҳати тиҷоратӣ дастгирӣ ёфт
ДУШАНБЕ, 02.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ва Федератсияи волейболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Помир-Инвест 2025» оғози шарикиро, ки ба дастгирии ташаббусҳои варзишӣ дар минтақа нигаронида шудааст, эълон намуданд.
Ҷонибҳо оид ба амалисозии лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла оид ба дастгирии дастаҳои занона ва мардона оид ба волейбол ва расонидани кумак ба варзишгарони боистеъдод ба мувофиқа расиданд. Ҳуҷҷатро директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников ва раиси Федератсияи волейболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ба имзо расониданд.
«Дастгирии ташаббусҳои варзишӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ – ҷузъи муҳими рисолати иҷтимоии мо ба ҳисоб меравад. Мо аз оғози ҳамкорӣ бо Федератсияи волейболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хушҳол буда, итминон дорем, ки кори муштарак барои рушди варзиши оммавӣ, илҳом бахшидани насли ҷавон ва таҳкими тарзи ҳаёти солим кумак мерасонад», — иброз намуд Анатолий Изюмников.
Оператор барои рушди дигар намудҳои варзиш низ корҳои зиёдеро анҷом медиҳад. Аз ҷумла, бо ташаббуси ширкат чунин чорабиниҳое бузург, аз қабили мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол», ки ҳазорҳо иштирокчиён ва мухлисонро дар саросари мамлакат ба ҳам овард, баргузор мегарданд. Бозиҳои ниҳоии мусобиқа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 20 июл доир гардиданд. Соли дуюм аст, ки ҳамкории оператор бо Федератсияи футболи Тоҷикистон идома дорад.
Яке аз лоиҳаҳои ҷолиби муштарак бо Федератсияи футболи Тоҷикистон фестивали «МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо дар Душанбе» гардид. Инчунин давоми чанд сол МегаФон Тоҷикистон варзиши кибернетикиро дастгирӣ мекард.
АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






