Ёдгориҳои нодири тамаддуни тоҷикон дар Осорхонаи миллии Чин ба намоиш гузошта шуданд
ДУШАНБЕ, 28.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи баргузории ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай дар Чин 27 август дар Осорхонаи миллии Чин намоиши байналмилалии «Мероси фарҳангии осорхонаҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» оғоз ёфт, ки дар он ёдгориҳои осори миллии тоҷикон муаррифӣ карда шудаанд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 24 осори пешниҳоднамудаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои намоиши «Мероси фарҳангии осорхонаҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» беназир буда, фарогири асрҳои V–IV то милод то асри XX мебошанд.
Қадимтарин экспонати қисми гӯшаи Тоҷикистон ҷузъи тахт дар шакли сари гӯсфанди кӯҳӣ мебошад, ки дар ёдгории Исфарасойи шаҳри Конибодом ёфт шуда, ба асри V то милод тааллуқ дорад. Миҷмар (курилница) бо тасвири Буддо, ки ба давраи давлатдории Кушониён (асрҳои I–IV милодӣ) марбут аст, фарҳанги қадим ва таҳаммулпазирии халқро таҷассум менамояд.
Ёдгории Панҷакенти қадим (асрҳои V–VII милодӣ), ки дар ҷаҳон ҳамчун «Помпеи Шарқ» маъруф мебошад, ба мисоли мӯҳр ва санге бо катибаи суғдӣ дохил мешаванд. Кӯзаву зарфҳои сафолӣ ва мисӣ бо катибаҳо аз авҷи аълои ҳунарҳои мардумӣ дар «асри тиллоӣ» — давраи Сомониён (асрҳои IX–X милодӣ) дарак медиҳанд. Ҳамчунин дар намоиш намунаҳои ашёи мисӣ, аз қабили кӯза ва дастшӯйҳо бо тасвирҳои оҳу ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Қаламдонҳо низ дорои пандҳои ахлоқӣ мебошанд. Намунаҳои асбоби мусиқӣ, ки дар ин намоиш пешкаш шудаанд, бозгӯи маҳорати баланди санъати мусиқии тоҷикон мебошанд.
Намоиши байналмилалии «Мероси фарҳангии осорхонаҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» то 16 ноябри соли 2025 идома меёбад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






