35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳру деҳоти Исфара корҳои ободонию созандагӣ вусъат меёбанд

Сентябрь 24, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 24.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Исфара корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза мегиранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара сохтмони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази хизматрасонӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, мактабҳо, майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷамоат сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №79 низ идома дорад. Инчунин дар шаҳраки Шуроб бо саҳми соҳибкор Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, ки соли 1949 бунёд карда шудааст, пурра навсозӣ мегардад.

Муассиса дорои 15 синфхонаи барҳаво буда, барои 560 хонанда пешбинӣ гардидааст. Бо ташаббуси соҳибкор дар мактаб 4 кабинети фаннӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, 3 озмоишгоҳ, ошхона, китобхона, маркази омӯзиши ҳунар барои писарону духтарон, майдончаҳои варзишӣ ва маркази инкишофи кӯдак бунёд карда мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 24, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд