Ҳайати фарҳангии ИДМ бо ёдгориҳои нодири таърихии миллати тоҷик шинос шуд
ДУШАНБЕ, 18.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шурои ҳамкории фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе қарор дорад, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди миллати тоҷик шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Барои ҳайати фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сайри осорхонавӣ ташкил карда шуд. Меҳмонон ҳамзамон толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ, ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷикро аз наздик тамошо намуданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






