Ҳайати парлумонии Иттиҳоди Аврупо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни қадимии тоҷикон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 17.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Кумитаи байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии хонум Ҷузеппина Принчи, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 12-уми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳайати Кумитаи байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо дар толорҳои намоишии «Асри санг», «Аҳди биринҷ», «Кулолгарӣ», «Ҳахоманишиҳо», «Сиккаҳо», «Кушониён», «Панҷакенти қадим», «Аҷинатеппа» ва толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо таърихи пурғановати миллати тоҷик, фарҳанги бою рангин ва шоҳкориҳои нодир, ки аз ҷониби ниёгони тоҷикон офарида шуда, инъикосгари фарҳанги миллати тоҷик давоми таърих мебошанд, аз наздик шинос гардид.
Ҷузеппина Принчи ва ҳайати Парлумони Аврупо аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ дарҷ намуданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






