Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони шуъбаи кафолатҳои Агентии байналмилалии неруи атомӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 17.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи 69-уми конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар шаҳри Вена мулоқоти ҳайати Тоҷикистон ва намояндагон аз шуъбаи кафолатҳои Агентӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳо вобаста ба санҷиши муассисаҳое, ки дар фаъолияти худ маводи ядроӣ ва радиоактивӣ истифода мебаранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин дар хусуси фаъолияти нозирони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои Созишнома дар бораи манъи паҳншавии силоҳи ҳастаӣ ва Протоколи иловагӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд, сухан гуфта шуд.
Зимни суҳбат мавзуъҳо марбут ба пешниҳоди саривақтии гузоришҳои электронӣ ба Портали декларатсияҳои давлатӣ (State Declaration Portal), баргузории чорабиниҳо дар Маркази навбунёди минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии мазкур ва омодасозии мутахассисони касбӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар хотима тарафҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз баргузории мулоқот барои идомаи ҳамкорӣ дар самти таҳкими робитаҳо изҳори омодагӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 69-уми конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ, ки 15 сентябр дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия оғоз гардид, иштирок дорад. Ҷаласаи мазкур то 19 сентябр идома меёбад.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд






