Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии ҷаҳонии вазирони Семаул ва ҳамоиши роҳбарони Семаул иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 19.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кёнҷуи Ҷумҳурии Корея дар вохӯрии ҷаҳонии вазирони Семаул ва ҳамоиши роҳбарони Семаул иштирок дорад, ки он 17 сентябр оғоз ёфта, то 19 сентябр идома мекунад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар медиҳад.
Ҳамзамон дар доираи ин чорабинӣ Раиси Кумитаи рушди маҳал Шарифҷон Ҷумъазода бо Президенти Маркази Семаул Ундонг Ким Кванг Лим вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи рушди маҳал, татбиқи лоиҳаҳои нав бо деҳоти Тоҷикистон, ташкили даврҳои бозомӯзии мутахассисони соҳа ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкориро баррасӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






