Ҳайати Вазорати молияи Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ оид ба нархгузории трансфертӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 12.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати омӯзишии байналмилалӣ дар мавзуи «Нархгузории трансфертӣ», ки дар шаҳри Уланбатори Ҷумҳурии Муғулистон баргузор гардид, иштирок намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, машварати омӯзишӣ аз 8 то 10 сентябр бо ташаббуси Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) ва Идораи андози Муғулистон баргузор шуда, намояндагони Вазорати молия таҷриба ва донишҳои муосирро дар самти сиёсати андоз ва нархгузории трансфертӣ мубодила намуданд.
Нархгузории трансфертӣ яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати андозбандии ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки ба муомилоти молӣ ва хизматрасонӣ байни ширкатҳои вобаста дар дохил ва берун аз давлатҳо марбут аст. Бо зиёд шудани фаъолияти ширкатҳои фаромиллӣ ва рушди иқтисоди ҷаҳонӣ зарурати таъмини адолати андозбандӣ ва пешгирии фирори андоз тавассути нархҳои сунъии дохилигурӯҳӣ афзоиш ёфтааст.
Дар ин замина ташаббуси байналмилалии BEPS (Base Erosion and Profit Shifting), ки аз ҷониби Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ба роҳ монда шудааст, ҳадаф дорад, ки канораҷӯии ширкатҳо аз пардохти андоз тавассути кам нишон додани фоида ё интиқоли сунъии он ба минтақаҳои дорои андозбандии паст пешгирӣ гардад. Ин ташаббус дар сатҳи глобалӣ ҳамчун қадами устувор барои таъмини шаффофият, адолати андозбандӣ ва баланд бардоштани иқтидори мамлакатҳои дар ҳоли рушд арзёбӣ мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






