Ҷаласаи 21-уми Шурои ҳамоҳангсози байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии ИДМ доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 21-уми Шурои ҳамоҳангсози байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳбарону намояндагони мақомоти назорати суғуртавии Иттиҳод иштирок намуданд.
Роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷаласа масъъалаҳои муҳими марбут ба рушди соҳаи суғурта, мушкилоти соҳа ва роҳҳои ҳалли онро баррасӣ намуданд. Ин бевосита ба баланд гардидани вазифаи иҷтимоии соҳаи суғурта дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусоидат менамояд. Дар ҷаласа роҳбарони мақомоти назоратии суғуртавӣ аз Тоҷикистон, Русия, Арманистон ва Қазоқистон доир ба тақвияти ҳамкорӣ маъруза намуданд.
Таъкид гардид, ки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои ҳамгироии муносибатҳои соҳавӣ талош менамоянд. Умед аст, ки робитаю ҳамкорӣ дар рушди соҳаи суғурта ва иқтисодиёти миллии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нақши муассир гузорад.
Роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамзамон масъалаҳои асосӣ вобаста ба танзиму назорати фаъолияти суғуртавӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин ба низом даровардани муносибатҳои суғуртавӣ байни аҳолӣ ва ташкилоти суғуртавиро бо истифода аз платформаҳои инноватсионию рақамикунонии соҳа, ки имрӯз яке аз вазифаҳои асосии мақомоти давлатии на танҳо Тоҷикистон, балки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд, баррасӣ намуданд. Ҳамзамон оид ба дурнамои тақвияти ҳамкории байнидавлатӣ, ки ба рушди соҳаи суғурта мусоидат менамояд, пешниҳодҳои самарабахш манзур намуданд.
Дар доираи ҷаласаи 21-уми Шурои ҳамоҳангсози байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 26 сентябр дар Душанбе семинари ХIV барои роҳбарони зерсохторҳои мақомоти назорати суғуртавии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Ҳамзамон баргузории вохӯриҳои дуҷониба байни роҳбарону намояндагони мақомоти суғуртавии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар назар аст. Интизор меравад, ки иштирокдорони ҷаласаи 21-уми Шурои ҳамоҳангсози байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо мавзеъҳои таърихию фарҳангии Душанбе, аз ҷумла майдони Истиқлол ва Осорхонаи маҷмааи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ шинос шаванд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»













Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






