Ҷаласаи махсуси ҳамоҳангсозии гурӯҳи ИКАО оид ба такмили хатҳои ҳавоии минтақаи шарқ – «RDGE – SСМ/2025» доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе нахустин маротиба ҷаласаи махсуси ҳамоҳангсозии гурӯҳи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) оид ба такмили хатҳои ҳавоии минтақаи шарқ – «RDGE – SСМ/2025» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода гуфт, ки иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ИКАО қадами муҳим ва стратегӣ мебошад, ки ба рушди минбаъдаи соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳи амнияти парвозҳо ва самаранокии он таъсир мерасонад.
Ҳабибулло Назарзода афзуд, ки бо шарофати дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мамлакат қадамҳои устувор дар самти рушди авиатсияи миллӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаи байналмилалии авиатсионӣ гузошта шуданд.
Баргузории ҷаласаи махсуси ҳамоҳангсозии гурӯҳи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) оид ба такмили хатҳои ҳавоии минтақаи шарқ – «RDGE – SСМ/2025» дар Душанбе бо иштироки намояндагони 23 давлати дунё ба фарох гардонидани ҷуғрофиёи парвозҳо, баланд бардоштани самаранокии интиқолоти байналмилалии ҳавоӣ, кӯтоҳ гардидани вақти роҳ ва хароҷоти амалиётӣ барои таъмини парвозҳои бехатар ва пешгӯишаванда мусоидат менамояд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»













Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






